Мусодираи 21,5 кило маводи мухаддир

Январь 23, 2013 16:35

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти бобарори фаврӣ садди роҳи интиқоли беш аз 21 кило маводи мухаддир ба Федератсияи Русия шуданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, ин амалиёт муддати дурудароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гуруҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор гирифта буд. Ниҳоят, 21 январи соли равон марҳилаи ниҳоии амалиёти мазкур дар қаламрави ноҳияи Восеи вилояти Хатлон анҷом гирифт ва дар наздикии деҳаи Ибрат бо гумони қочоқи маводи мухаддир ду нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳар кадом аз 27 сол беш надоштанд, боздошт гардиданд. Аз дастгиршудагон ду халтаи полиэтиленӣ ошкор ва мусодира шуд, ки дар дохилашон 27 бастаи селофании дорои маводи хокистарӣ бо бӯи махсус доштанд. Ҳамчунин як брикети растаниасл низ кашф гардид. Ба гуфти манбаъ, озмоишгоҳи ташхиси судии агентӣ собит кардааст, ки 20,5 килои маводи мусодирашуда афюн буда, наздик ба 1 килои он ҳашиш мебошад. Дар маҷмуъ аз боздоштшудагон 21,5 кило маводи мухаддир забт гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида ва барои шиносоӣ ва боздошти шарикони дигари гумонбарон тадбирҳо андешида шудаанд.

Январь 23, 2013 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст