Нашри 93 ҳазору 500 нусха китоб бо дастгирии Президент

Январь 31, 2013 16:46

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). — Соли гузашта нашриёти «Адиб» аз ҳисоби мабалғҳои президентӣ 42 номгӯй китоб ба нашр расонид, ки арзиши умумии онҳо як миллиону ёздаҳ ҳазору ҳафтоду ҳафт сомониро ташкил медиҳад.   «Китобҳое, ки бо дастгирии Сарвари Давлат интишор ёфтаанд, сифати баланд доранд ва аз нигоҳи мундариҷаву муҳтаво низ ҷолибу рангинанд», — мегӯяд мутахассиси шуъбаи истеҳсолоти ин нашриёт Истадой Шоева. Ҳамчунин нашриёти «Адиб» дар соли гузашта аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ 37 номгӯй ва аз ҳисоби тамға 15 номгӯй китобро ба чоп расонид. Истадой Шоева илова намуд, ки онҳо мақсад доранд дар соли ҷорӣ нашри китобҳоро афзуда, сифати чопи онҳоро низ баланд бардоранд.

Январь 31, 2013 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст