Нигора донишҷӯи Консерваторияи Урал шуд
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар соли таҳсили 2012-2013 84 нафар ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов дохил гардиданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллӣ Раҷабмад Амиров 23 январ. Дар соли сипаригашта 64 нафар Консерваторияро хатм намуданд, ки се нафари онҳо сазовори дипломи аъло гаштанд. Ба тариқи гузариш ба курси 1-уми созҳои оркестрии Консерваторияи давлатии Урал ба номи Мусоргскии Федератсияи Русия Нигора Ҳалимова дохил шуд. Шартномаи идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Маскав ва Академияи фарҳанг ва санъати шаҳри Кемероваи Федератсияи Русия ба имзо расид, гуфт Раҷабмад Амиров. Лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз ҷониби вазоратҳо ва созмонҳои хориҷӣ амалӣ гашта, дар мустаҳкам намудани базаи моддию техникии Консерватория ва тайёр намудани кадрҳои мусиқии касбӣ саҳми назаррас гузоштанд. Барои беҳтар шудани сатҳи дониш аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо китобхонаи электронӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 3 миллиону 403 ҳазору 699 сомониро ташкил медиҳад, ки тибқи буҷаи тасдиқнамуда мақсаднок истифода шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






