Омодагии пойтахт ба Наврӯз
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи омодагии пойтахт ба ҷашни пуршукуҳи байналмилалии Наврӯз дар ҷаласаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдулоев, раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд. Раиси шаҳр таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таҳияи нақшаи истиқболи Наврўзи байналмилалӣ, ки таҷассумгари ободӣ, озодӣ ва ҳамоишу эҳёи табиат ва инсонҳо дар роҳи созандагӣ бояд бошад, нигаронид. Мавсуф гуфт, ки соли равон оммавияти Наврӯз, ки ҷашни аҷдодист, бо истиқболи он дар сатҳи маҳаллаву шаҳракҳо бо инобати фалсафаи бо замона дар Наврўз тоза шудан, ки ҳар хонаи сокини шаҳр наврўзхона бошад, таъмин карда хоҳад шуд. Зикр гардид, ки то охири моҳи январ се гуруҳи корӣ, ки аз ҳисоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанги кишвар созмон дода шудааст, нақшаҳои таҳия намудаашонро ба шаҳрдорӣ пешниҳод созанд.13.48.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






