Прокуратураи генералӣ барои истирдоди У.Қувватов дархост ирсол намуд

Январь 9, 2013 16:52

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Прокуратураи генералии ҶТ ба АМА(Аморати муттаҳидаи Араб) барои истирдоди Умаралӣ Қувватов дархост ирсол намуд. Дар ин бора 9 январ дар нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳори назар кард. Тибқи суханони ӯ, соҳибкори собиқ, пешвои мухолифини ҷунбиши «Гуруҳи 24» У.Қувватов аз рӯи якчанд ҷиноят гунаҳкор карда мешавад ва нисбати ба ӯ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. «Дар робита ба ин, 23 декабр ӯ дар Дубай дастгир шуд ва мо ба ҳамкоронамон ба АМА дархости боздоди ӯро ирсол намудем» — гуфт Ш.Салимзода. Прокурори генералии кишвар зикр намуд, ки дар соли 2012 тақрибан 150 узви созмонҳои гуногуни террористӣ, динӣ ва ифротгароӣ дастгир шуданд. Теъдоди зиёди дастгиршудагон аъзои созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳсуб меёбанд. Дар соли гузашта 14 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 36 аъзои ин созмони мамнӯъ кушода шуда буд. Дар маҷмӯъ 1 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 7 намояндаи «Ҷамоати таблиғ» ва 14 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 76 аъзои гуруҳи «Ҳақиқати исломии Туркистон» кушода шудааст.

Январь 9, 2013 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст