Рушди ҳамкориҳои «Амонатбонк» бо БДРЧ

Январь 29, 2013 13:13

Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар»). — Раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова имрӯз дар ҶМЧ бо раиси Шӯрои директорони Бонки давлатии рушди Чин Чен Юан вохӯрӣ намуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ татбиқи лоиҳаи дастгирии соҳибкории хурду миёна ва қарзҳо барои манотиқи куҳистон аз ҷониби филиалҳои «Амонатбонк» ва қаноатмандии роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин иброз гардид. Ҳамчунин дастгирии Бонки давлатии рушди Чин барои татбиқи пешниҳоди лоиҳаҳои ҳаётан муҳим аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар давоми соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гулнора Ҳасанова муҳимияти сохтмони фабрикаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти охирин бо истифода аз технологияи муосирро ба саҳми роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин расонид ва ин иқдом аз ҷониби Чин дастгирӣ ёфт. Ҳамзамон ҷиҳати таъмин бо технологияи муосири коркарди нахи пахта ҷониби Чин омодагии хешро изҳор намуд. Масъалаи дигаре, ки дар вохӯрӣ баррасӣ гардид, ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва қарз буд, ки дар ин самт «Амонатбонк» бо БДРЧ собиқаи зиёда аз 5- сола дорад. Ҷониби Бонки давлатии рушди Чин ин масъаларо низ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҳамешагии худро изҳор намуд.Дар охир тарафҳо ба қарор омаданд, ки барои вусъати ҳамкориҳои тарафайн аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

Январь 29, 2013 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст