С. Тағоева: «Шумораи бекоршавии ақди никоҳ афзудааст»
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар соли 2012 7608 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 811 ҳолат зиёд мебошад, зикр намуд дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева. Тибқи маълумоти омории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2012 97796 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 3178 адад зиёд мебошад, қайд кард С. Тағоева.Инчунин зикр шуд, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили бекоршавии никоҳи оилаҳои ҷавон, сӯиқасд ба ҷони худ, хариду фурӯши одамон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ аз ҷониби кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрию суҳбатҳо ва дигар чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






