Санҷиши ногаҳонии вазири корҳои дохилӣ

Январь 9, 2013 14:25

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Рӯзи 8 январи соли ҷорӣ аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ва муовинони ӯ санҷиши ногаҳонии қисмҳои ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ сурат гирифт.Чуноне, ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни санҷиш як силсила камбудиҳо вобаста ба тақсимоти амволи шайъӣ, таъминоти хӯрокӣ ва тозагии атрофи қисмҳои ҳарбӣ ошкор гардид.Худи ҳамон рӯз вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида бо роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ҷаласа доир гардид, ки зимни он диққати роҳбарияти Қӯшунҳои дохилӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ба камбудиҳои ошкоргардида ҷалб гардида, нафарони масъул барои минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо дар фаъолияти хизматӣ огоҳонида шуданд, хабар дод манбаъ.

Январь 9, 2013 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст