Талоши варзишгарони Бадахшон барои ишғоли зинаҳои ифтихорӣ

Январь 15, 2013 14:38

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-11-12-уми январ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мусобиқаи кушода миёни наврасон оид ба гӯштини миллӣ доир гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 165 варзишгар барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ байни ҳам талош варзиданд.  Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони ВМКБ дар соли 2012 дар 37 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 10 мусобиқаи Осиёву байналмилалӣ ширкат варзида, дар маҷмуъ 154 медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, 55-тои онро медали тилло, 44-тоашро медали нуқра ва медалҳои боқимондаро биринҷӣ ташкил медиҳад. Беҳтарин варзишгарони вилоят дар соли 2012 Бахтиёр Азизмадов дар намуди гӯштини тарзи озод, Артур Одилбеков дар намуди муҳорибаҳои омехта, Ардашер Мирзоев, Хушбахт Қурбонмамадов, Санавбар Шанбеев дар намуди дзюдо шинохта шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ иттилоъ дод.

Январь 15, 2013 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст