Толиб Айёмбеков 50 % қарзҳои «Амонатбонк»-ро напардохтааст

Январь 14, 2013 17:46

Душанбе, 14 январ . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Роҳбари Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Гулнора Ҳасанова гуфт, Толиб Айёмбеков, фармондеҳи пешин дар вилояти Бадахшон ҳудуди 50 дарсади қарзҳои худро ба ин бонк пардохт кардааст. Роҳбари ин бонк, бо таъйиди ин хабар дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар давоми солҳои 2008 то 2010 Толиб Айёмбеков аз “Амонатбонк” 400 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, аммо дар муддати пешбинишуда ин миқдор маблағи қарзро барнагардондааст.  Гулнора Ҳасанова афзуд: «Дар мавриди қарздории Айёмбеков аз «Амонатбонк» дар расонаҳо рақамҳои гуногун низ нашр шудаанд. Бар асоси қонуни Тоҷикистон иттилоъ дар бораи ҳисобҳои бонкии муштариён махфӣ аст ва дар ҳолати боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муштарӣ ё бо дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин иттилоъ ошкор хоҳад шуд».Ба гуфтаи масъулини Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ҳоли ҳозир 50 фисади қарзҳои Толиб Айёмбеков ба воситаи фурӯши гаравҳо, ки худи қарзгиранда мефурӯшад, пардохт шудааст.

Январь 14, 2013 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст