Вазифаҳои Комиссияи миллӣ дар соли 2013 кадомҳоянд?
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар»). — 28 январи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО доир гардид. Раиси Комиссия Мирзошоҳрух Асрорӣ дар оғоз баромад намуда, сипас котиби масъули комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова оид ба натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли 2012 ҳисобот дода, камбудиву дастовардҳои Комиссияро зикр намуд. Дар ҷаласа масъалаҳое, ки дар соли 2013 ба иҷроишашон диққати махсус дод мешавад, аз тарафи аъзоёни Раёсати Комиссия мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аз ҷумла 20-умин солгарди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО (6 апрели соли 2013), муаррифии фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар тариқи Созмони ЮНЕСКО, омодагӣ ба 37-умин Конфронси Генералии ЮНЕСКО (моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Париж), таёрӣ ва баргузор намудани соли ҳамкориҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраисии онро Дабири Кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба ӯҳда доранд, фаъолтар намудани ҳамкорӣ миёни Комиссияи миллӣ ва кумитаву идораҳои дахлдор ҷиҳати иштирок дар ҷаласаву вохӯриҳои кумитаҳои ЮНЕСКО ва интихоб дар он, пешниҳод оид ба кушодани Сафорат ва ё намояндагӣ дар Фаронса ҷиҳати пешбурди масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, таҷлили ҷашнвораҳои шахсиятҳои маъруф барои солҳои 2014-2015 ва амсоли инҳо муҳокима ва баррасӣ шуданд. Умуман, аъзоёни Раёсати Комиссияи миллӣ ҳисоботи котиби масъулро қаноатбахш пазируфта, ҷиҳати амалӣ намудани масъалаҳои гузошташуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






