ВКД ба КА маълумотнома ироа месозад
Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки тибқи ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» минбаъд Вазорати корҳои дохилии кишвар ба Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ва ё шиносномаҳое, ки муҳлати амалашон ба охир расидааст, маълумотнома пешниҳод созад. Лоиҳаи қонуни мазкурро аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷараёни ҷаласае, ки 7 январ дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мутобиқ намудани он ба Кодекси андози кишвар, ки соли гузашта дар таҳрири нав қабул гардида буд, маҳсуб мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






