Воридот ва фурӯши маҳсулоти нафту газ дар ҷумҳурӣ

Январь 11, 2013 16:22

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Тибқи маълумоти мавҷуда дар соли 2012 ҶСК «Тоҷиктрансгаз» мутобиқи шартнома аз ШС «Узтрансгаз» дар ҳаҷми 132,4 млн.м³ ва ба маблағи 49,5 млн. доллари ИМА гази табиӣ харидааст.Дар соли 2012 аз тарафи тоҷирон ва соҳибкорони ватанӣ 585 адад (2011-510 адад) нуқтаи фурӯш ва газпуркунии гази моеъ, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд – 279, Хатлон – 121, ВМКБ — 12, НТҶ – 115 ва шаҳри Душанбе – 58 адад фаъолият доранд. Бояд қайд намуд, ки танҳо дар соли сипаригашта 75 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил шудааст, ки тавассути он 700 нафар бо ҷои кори нав таъмин гаштанд. Бо назардошти ин ба ҷумҳурӣ 81256,5 тонна (2011 – 52981,8 тонна) гази моеъ ворид ва аз он 78499,9 тонна фурӯхта шуда, ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши гази моеъ 2756,9 тонна газ мавҷуд аст, ки назар ба соли 2011, 28274,7 тонна зиёд мебошад.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Январь 11, 2013 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст