Вуруд ба СУС- нақши ҳалкунанда дар сарнавишти кишвар
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- “Соли сипаригардида тибқи маълумоти оморӣ ба хориҷи кишвар сабзавот-62292 тонна, аз ҷумла пиёз-59999, полезиҳо-78, лӯбиёгӣ-2348, мевагӣ-13966, меваи хушккардашуда-76727 тонна ва дигар маҳсулот содир карда шуд”,- иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тавассути Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд (ШҲР) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз қадамҳои навбатиро барои вазорату идораҳои соҳавӣ ва шарикони рушд дар татбиқи ислоҳот муайян намуда, дар гузариши идораи соҳаи кишоварзӣ ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад.Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2012 барои соҳаи кишоварзӣ- ин воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад. Вазорати кишоварзӣ дар баробари дигар вазорату идораҳо саҳми муносиби худро ба раванди дохилшавӣ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ гузоштааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






