Якумин зан дар Тоҷикистон бо бордоркунии экстракорпоралӣ дугоник ба дунё овард

Январь 17, 2013 16:53

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Якумин зан аз Тоҷикистон, ки 9 моҳ қабл бо роҳи сунъӣ бордор карда шуд, имрӯз дар Пажуҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии момодоягӣ, гинекология ва перинатология дугоник – ду писар бо вазнҳои 2 килограмму 750 грамм ва 2 килограмму 550 граммро ба дунё овард. Дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии момодоягӣ, гинекология ва перинатология Шамсиддин Қурбонов зикр кард, ки зани фаъоли солими синнаш аз 35 боло имрӯз дугоник ба дунё овард. Ин якумин руйдод аст, ки аз ҷониби духтурони тоҷик дар доираи барномаи БЭК (бордоркунии экстракорпоралӣ) амалӣ гардид. Дар доираи ин барнома бо 35 зан бордоркунии сунъӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 10 нафарашон ҳомиладоранд. «Имрӯз – ин якумин рӯйдод аст, ки аввалан бо зан барномаи БЭК гузаронида шуда, аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ҷинсии худи онҳо, дар шароити омӯзишгоҳӣ бордоркунӣ гузаронида шуд. Саломатии модар ва фарзандон комилан бехатар аст. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки акнун шаҳрвандони мо дар кишвари худашон ва бо камтарин хароҷот ба технологияҳои репродуктивии баланд дастрасӣ пайдо карданд», — шарҳ дод Ш.Қурбонов.  Мавриди тазаккур аст, ки Маркази тиббии «Насл», ки дар он бо роҳи бордоркунии экстракорпоралӣ бордор кардани дугоники якум амалӣ гардид, фаъолияти худро соли гузашта дар Душанбе оғоз намуд. Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дуюмин кишвар баъди Қазоқистон ба ҳисоб меравад, ки чунин амалиётро мегузаронад. «Маркази мо аз ҳисоби маблағгузории худии шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил ёфта, ба он аз Австрия, Олмон, Ҷопон таҷҳизоти муосиртарини технологии пешрафта ворид мешавад ва мутахассисонаш дар Русия, Эрон, Қазоқистон таълим гирифтаанд. Нархи аввалаи амалиёти мазкур 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», — гуфт дар фарҷом Ш.Қурбонов.

Январь 17, 2013 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст