100 ҳазор сомонӣ доруворӣ ба ВКД
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯзҳо бо мақсади мусоидат намудан дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои бонуфуз ба мақомоти корҳои дохилӣ кӯмаки беғаразона расонида мешавад.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, чунин як кӯмаки башардӯстона аз ҷониби директори Маркази «Клиникаи офият ва азнавбарқароркунии пайрави Сино»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситам Алиматов ба Вазорати корҳои дохилӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ доруворӣ ҳамчун ёрии башардӯстона расид. Қобили зикр аст, ки ин амали ҷавонмардона ба мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, балки дар вазъи сиҳатию саломатии онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кӯмаки амалӣ мерасонад. Ин амали хайр барои дигар ташкилоту ширкатҳое, ки имконияти дастгирӣ намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доранд, бояд намунаи ибрат бошад, то ки дар таъмини тинҷию амонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳиссаи худро гузоранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






