Ғалабаи «Равшан»-у «Истиқлол»

Февраль 28, 2013 15:03

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Қаҳрамони дукаратаи футболи кишвар— дастаи «Истиқлол» — и Душанбе дар бозии навбатии санҷишии худ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро бо ҳисоби 5:4 шикаст дод. Тӯбҳои дастаи «Истиқлол» -ро дар ин бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев, Соҳиб Саванқулов, Дилшод Восиев ва Иброҳим Рабимов вориди дарвозаи ҳариф карданд. Ҳамчунин қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб, ки имсол дар мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё низ бозӣ хоҳад кард, дар бозии навбатии санҷишияш бо тими футболи «Ӯротеппа» бо ҳисоби 3:2 пирӯз омад.

Февраль 28, 2013 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ