Ҳунарнамоии тоҷикон дар Маскати Салтанати Уммон
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иштироки ҷониби Тоҷикистонро дар Фестивали байналмилалии фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Маскати Салтанати Уммон аз 13 то 18 феврали соли 2013 баргузор гардид, тибқи муаррарот ва расмиёти марбута таъмин намуд. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон зиёда аз 50 нафар, аз ҷумла ансамблҳои раксии «Чаманоро», «Маҳастӣ», ансамбли созҳои миллии «Дилнавоз»-и вилояти Суғд ва ансамбли рақсии “Рухшона” аз шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Мавриди зикр аст, ки барномаи ҳунарии ҷониби Тоҷикистон, ки фарогири санъату ҳунари миллӣ буда ва дар сатҳи баланди касбӣ омода гардида буд, аз ҷониби ширкатдорони ҳамоиш мавриди истиқбол қарор гирифт. Силсилачорабиниҳои ҳамоиш дар Кохи муҳташами Шоҳигарии Операи Маскат баргузор гардиданд ва тибқи барномаи Фестивал бояд ҷониби Тоҷикистон як маротиба дар муддати 45 дақиқа рӯзи 16 феврал баромад менамуд. Бо хоҳиши созмондиҳандагони чорабинӣ рӯзи 17 феврал низ такроран ин барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Ҷараёни чорабинӣ, аз ҷумла барномаи ҳунарии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои мухталифи телевизионӣ ва рӯзномаву маҷаллоти даврии Салтанати Уммон ба таври васеъ инъикос гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои тавсеаи робитаҳои минбаъда дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






