30 нафар қурбони садама гардид

Февраль 7, 2013 17:11

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 96 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 30 нафар ба ҳалокат расида, 112 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.  Воқеаҳои рухдодаи ҳафтаи равон аз он шаҳодат медиҳанд, ки бештари садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз риоя накардани аломатҳои огоҳкунандае, ки дар ҷойҳои лозимӣ насб шудаанд, сар зада, сабаби фавт ва ҷароҳат бардоштани чанд тани дигар гардидаанд. Аз ин рў аз тамоми дорандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд. Дар ин бора аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Февраль 7, 2013 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст