Афзоиши маоши ҳарбиён дар 5 сол 9 маротиба

Февраль 22, 2013 10:33

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат иттилоъ дод, ки, танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст ва соли равон маблағгузорӣ барои нигоҳдории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ нисбат ба соли 2008-ум се баробар зиёд пешбинӣ шудааст. Зикр шуд, ки аз соли 2006 то имрӯз 4 марҳалаи ислоҳоти музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ гардида, андозаи таъминоти пулии онҳо қариб 9 баробар афзудааст.  Бо зикри он, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, гуфта шуд, ки алъон аз ҳисоби онҳое, ки таҳсилро дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ хатм кардаанд беш аз 2600 нафар барои хизмат ба сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷалб карда шудаанд. Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон ҳоло қариб 3000 нафари дигар дар мактабҳои олии ҳарбии мамлакатамон ва 1100 нафар дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсили худро идома дода истодаанд.

Февраль 22, 2013 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст