Асоси Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавононанд

Февраль 11, 2013 16:54

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бахшида ба 20-солагии Рўзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо сарбозони қисми ҳарбии 5453 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ гузаронд.  Дар мулоқот раиси кумита перомуни масоили ватандўстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ, шинохти арзишҳои фарҳангӣ ва сиёсиву давлатӣ суҳбат ороста, аз сарбозон даъват ба амал овард, ки бо донишу биниш ва рафтору ахлоқи намунавӣ ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни саҳми бориз бигиранд. М. Неъматов ҳамчунин гуфт, ки: «Боиси ифтихор аст, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ҷавонон ташкил мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки табақаи наврас ва ҷавон ба ояндаи неку дурахшони ҷумҳурии соҳибистиқлол мутмаин аст ва бо руҳияи баланди меҳандўстиву созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ гомҳои сазовор гузошта истодаанд». Дар мулоқот ба суолҳои сарбозон посух дода, ба китобхонаи қисми ҳарбӣ чанд адад китоби тозанашр тўҳфа гардид.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Февраль 11, 2013 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст