Баҳси нашъамандӣ дар ду литсеи техникии пойтахти кишвар
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ин ҳафта кормандони Агентӣ якҷо бо намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мулоқот дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ бо донишҷӯёни литсеи касбию техникии рақамҳои 28, 30 шаҳри Душанбе баргузор намуданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур ба пешгирии нашъамандӣ, ВИЧ/СПИД ва таблиғи тарзи зиндагонии солим миёни ҷавонони донишҷӯ равона шуда буд ва ҳадаф аз он муколама сари ин мавзӯъҳои доғ бо донишҷӯён буд, ки ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба мушкилоти ҷавонон низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин ба иштироккунандагон саволҳои зиёде дар мавриди навъҳои гуногуни маводи мухаддир пешкаш шуд, аз онҳо дар мавриди роҳу равишҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ ва гирифторӣ ба бемориҳо ва маризиҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД пурсида шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






