Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод
Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Фарорасии ҷашни умумимиллии кишвари бародарро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон самимона табрику таҳният мегӯям.Мо ба дурнамои неки муносибатҳои ду кишвари ҳамкешу ҳамфарҳанг эътимоди қавӣ дорем, зеро ба шарофати густариш ва таҳкими онҳо дар арсаҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ, тӯли солҳои охир равобити байнидавлатии ду кишвар на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар сатҳи бисёрҷониба низ пайгирона густариш ёфта, мазмуни сифатан нав касб намудааст.Итминони комил дорам, ки муносибатҳои минбаъдаи мо дар асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқии мавҷуда рушду тавсеа ёфта, боиси афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши тиҷоратии байни ду кишвар ва сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иншооти стратегии иқтисоди Тоҷикистон мегарданд.Дар ин айёми фархунда – бо ибрози табрикоти муҷаддад – ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми шарифи Эрон амонӣ, саодат ва шукуфоӣ таманно дорам».
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзуъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоиро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






