Баррасии барномаи рушди кишоварзӣ

Февраль 22, 2013 11:33

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва роҳбари шӯъбаи татбиқи барномаҳо, ҳамоҳангсози минтақавии Маркази байналмилалии таҳқиқи кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк Ҷозеф Турок баргузор гардид. Тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили хамкории дуҷонибаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии таҳқиқи кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.«Вазорати кишоварзӣ бо назардошти зарурати ҳалли амнияти маводи ғизоӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин тағйир ёфтани иқлими сайёра «Барномаи ислоҳоти бахши кишоварзии ҶТ барои давраи солҳои 2012 — 2020» -ро тарҳрезӣ намуд, ки дар он бархе афзалиятҳои рушди кишоварзӣ барои солҳои наздиктарин муайян шудааст», — гуфт Қосим Қосимов. Ба манзури пурзӯр намудани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди боғдорию токпарварӣ қабул шудааст, зеро Тоҷикистон ба технологияҳои нави парвариш ва коркарди меваҷот зарурат дорад. Қобили зикр аст, ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ тайи шаш сол якҷоя бо Маркази байналмилалии таҳқиқи кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк лоиҳаҳои «Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» ва «Афзун намудани даромади аҳолӣ ва занони деҳот бо усули ташкили коркарди пӯсту пашм» — ро дар амал татбиқ намуда, алҳол татбиқи лоиҳаҳои дигар дар назар аст.

Февраль 22, 2013 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд