Баррасии мушкилоти транзитӣ дар Исломобод

Февраль 14, 2013 14:41

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистону Афғонистон дар Исломобод дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Неъматуллои Ҷаъфарӣ, муовини раиси Луи Ҷиргаи Афғонистон матраҳ гардид. Зикр шуд, ки густариши робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду давлат барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ омили муҳимест. Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостори таъмини суботу амният дар Афғонистон аст, зеро оромии кишварҳои минтақа аз суботи Афғонистон вобастагии комил дорад. Мусоҳибон бо дахли масоили тавсеаи робитаҳои парлумонӣ ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи пружаҳои минтақавӣ дар бахши энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия ибрози назар карданд. Хусусан ҷонибҳо ба масоили бунёди роҳи оҳан, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро бо ҳам мепайвандад, таваҷҷуҳ зоҳир карда, таъкид намуданд, ки нисбат ба ин масъала бояд ҳар се давлат диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамзамон мусоҳибон атрофи ба имзо расонидани Созишномаи сегонаи савдои транзитии Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон, интиқоли хати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, ҳалли мушкилоти транзитӣ дар марзи Покистону Афғонистон, ки аз он тавассути нақлиёти боркаш молу маҳсулоти саноатӣ ва озуқа ба Тоҷикистон интиқол мегардад, амнияти минтақа ва соири масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карданд. Мавриди зикр аст, ки Шукурҷон Зуҳуров зимни иштирок дар конфронси якуми Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки рӯзҳои 11-12 феврал дар Исломободи Покистон доир гардид, аз ёдгориҳои таърихӣ ва Ассамблеяи Миллии Покистон дидан намуда, бо сохтор ва фаъолияти ин мақоми олии қонунбарори Покистон ошно шуд.

Февраль 14, 2013 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст