Беҳдошти сифати таълим ва пойгоҳи моддию техникӣ
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар низоми омодасозии кадрҳои ронандагӣ батадриҷ меъёри сифат шарти асосии пояи обрӯ ва маҳбубияти дилхоҳ муассисаи таълимӣ новобаста ба шакли моликияти он мегардад. Ин соҳа ба яке аз шохаҳои бозори хизматрасонӣ табдил ёфтааст, ки қонуниятҳои хоси талаботи худро дорад. Дар семинаре, ки бо иштироки масъулони дахлдори зинаҳои гуногуни созмони мудофиавии кишвар рӯзи 15 – феврали соли равон доир шуд, муовини раиси КМ ТҶММ оид ба қисми таълимию истеҳсолӣ, сардори мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявӣ полковник Аҳмадхон Амонов изҳор дошт, ки агар чанд сол муқаддам барои довталаби ихтисоси ронандагӣ танҳо дарёфти ҳуҷҷат ва идораи мошин муҳим буд, дар айни ҳол онҳое, ки нияти ронанда шудан доранд, ба сифати таълим, заминаи моддию техникӣ ва дараҷаи таъминот бо воситаҳои айёнии электронӣ аҳамияти бештар зоҳир мекунанд.Иштирокдорони семинар зимни баргузории он аз роҳҳои беҳдошти сифати таълим ва тақвияти пойгоҳи моддию техникӣ иттилои бештар пайдо намуда, аз синфхонаи намунавии мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявӣ дидан намуданд, то дар кумитаву мактабҳои худ чунин синфхонаҳоро ташкил кунанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






