Бонки рушди Авруосиё — шарики боэътимоди Тоҷикистон

Февраль 12, 2013 12:35

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов масъалаҳои муҳими соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст ҷонибҳо аз сатҳи кунунии равобити Тоҷикистон ва мудирияти Бонки рушди Авруосиё изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба қавли Игор Финогенов дар Тоҷикистон ҳар як лоиҳае, ки аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё сармоягузорӣ мегардад, дар самти рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.  Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон Бонки рушди Авруосиё барои татбиқи якчанд лоиҳа дар кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои саноату иқтисод сармоягузорӣ мекунад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт дар ҳамкорӣ бо Бонки рушди Авруосиё таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Февраль 12, 2013 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст