Боздиди М. Маҳмадаминов аз Суғд

Февраль 14, 2013 09:49

Суғд, 14 феврал. (АМИТ “Ховар», Самад Юсуфӣ).- Чанде қабл вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба вилояти Суғд сафари корӣ намуд. Ҳадафи сафар таъсиси ҷойҳои кории нав, боздид аз марказҳои касбомузӣ ва буду боши рӯзона, бартараф намудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, ҷараёни ҷамъоварии андози иҷтимоӣ ва пардохти саривақтии нафақаву кӯмакпулиҳо буд. Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Нурулло Маҳмадуллоев доир ба қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 20-ноябри соли 2012 дар бораи идомаи тадбиқи механизими таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар шаҳру ноҳияхои Хуҷанд, Истаравшан ва Айнӣ сухан гуфт.Бояд гуфт, ки рӯзи 12-феврали соли 2013 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва муовини ӯ Эминҷон Сангинов аз субҳ шаҳрвандонро дар толори ҳукумати шаҳри Хучанд қабул карда, ба дархост ва саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд. Сипас ба аёдати пиронсолон ва маъюбону беморон рафта, ба онҳо аробачаҳои маъюбӣ ва кӯмакҳои моддӣ расониданд. Дар Регистони бозори Панҷшанбе ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардида, беш аз 200 корхонаи вилоят ҷои кор пешниҳод карданд. Зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Вазир ба хонаи пиронсолони «Деҳмой» рафта, аз аҳволи онҳо хабар гирифт.Дар ин сафар меҳмононро раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов робаладӣ намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори идораи шуғли аҳолии вилояти Суғд Рустам Ғиёсов иттилоъ дод.

Февраль 14, 2013 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст