Боздиди О. Оқилов аз корхонаи истеҳсоли криолити Ёвон
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз маҳали сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор боздид ба амал овард. Мувофиқи нақша арзиши лоиҳавии сохтмони корхонаи мазкур 66 миллиону 270 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар айни ҳол ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида ва навад дар сади дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дастрас гардидаанд.Дар заминаи корхонаи истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор, ки бо мақсади таъмини корхонаи алюминии тоҷик бо ашёи хоми маҳаллӣ бунёд мегардад, ҳамчунин сохтмони ду корхонаи дигар — яке корхонаи ҳозиразамони кимиёвӣ бо харҷи 111 миллион доллари амрикоӣ ва дуюмӣ- корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат бо маблағи 35 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст. Оқил Оқилов роҳбарияти вилоят, ноҳия ва дигар шахсони масъули соҳаро вазифадор кард, ки барои идомаи корҳои сохтмонӣ, дарёфти манбаъҳои маблағузорӣ ва таъмини доимии корхонаҳои бунёдшаванда бо об ва нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешида, тамоми имконият ва захираҳои мавҷударо барои тезонидани суръати сохтмони корхонаҳои мазкур истифода намоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






