Бозигари «Истиқлол» ба дастаи «Жетису» мегузарад
Душанбе, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон футболбози ҷавони кишвар Даврон Эргашев дар садади бастани шартнома бо дастаи «Жетису»-и Ҷумҳурии Қазоқистон аст. Манбаъ меафзояд, ки шартномаи мазкур рӯзҳои наздик ба имзо расида, ҳимоятгари дастаи мунтахаб ва дастаи «Истиқлол» дар мавсими оянда дар «Жетису» бозӣ хоҳад кард. Ин аввалин бор нест, ки як клуби қазоқӣ ба футболбози тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Қаблан дастаи «Иртиш» низ хостори ин бозигари тоҷик шуда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастаи «Жетису» ҳафтаи гузашта дар як бозии рафиқона аз дастаи «Равшан»- Кӯлоб бо ҳисоби калони 1:5 шикаст хӯрда буд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






