Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна вусъат меёбад
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар кишвар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ давом дорад. Дар ҳошияи барномаи давлатӣ ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар минтақаҳои душворгузару дурдасти Тоҷикистон имсол 14 нерӯгоҳи хурд бунёд мешавад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Алҳол дар Тоҷикистон 282 нерӯгоҳи хурд мавҷуд аст, ки иқтидори умумиашон 25 ҳазор киловаттро ташкил медиҳад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои навбатӣ, теъдоди нерӯгоҳҳои хурди ҷумҳурӣ ба 296 адад мерасад. Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, соли 2012 дар кишвар 17 нерӯгоҳи нави хурд ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон беш аз 1 ҳазору 800 киловаттро ташкил медиҳад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






