Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сардии ҳаво дар Австрия Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Қисми марказии Аврупоро сардии шадид фаро гирифтааст. Аз ин ҳолат бештар сокинони Австрия ранҷ мекашанд. Тавре ки ВАО Австрия мегӯянд, ки нақлиёти ҷамъиятӣ аз фаъолият бозмонда, дар толорҳои фурудгоҳҳо ва роҳи оҳан садҳо мусофирон интизорӣ мекашанд. Боришоти беист имкон намедиҳад, ки кормандони хадамоти коммуналӣ фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ пеш баранд. Бояд гуфт, ки қабати барф дар баъзе мавзеъҳо то якуним метрро ташкил медиҳад. Ҳукуматдорони кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи зудтар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, сокинонро аз сардии ҳаво эмин нигоҳ доранд.Намоиши автомобилҳо дар Амрико Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дар штати Детройти ИМА намоиши байналмилалии автомобилҳо баргузор гардид. Гуфта мешавад, ки намоиши байналмилалӣ 17-уми январи соли 2012 оғоз гардида, то 17 феврали соли 2013 идома меёбад. Хоҳишмандон метавонанд автомобилҳои нави ширкатҳои бузурги Оламро тамошо кунанд. Мувофиқи иттилои манбаъ дар маҷмуъ ширкатҳои мамлакатҳои дунё 60 автомобили худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки эҳтимол соли равон танҳо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 20 миллион автомобили нав фурўхта шавад. Ҳарчанд Аврупо аз рўйи хариди автомобил дар ҷойи дуюм қарор дорад, лекин дар мамлакатҳои Иттиҳод вобаста ба буҳрони молӣ хариди автомобилҳои нав мунтазам коҳиш меёбад. Дар Иёлоти Амрико соли гузашта фурўши автомобил 13 дарсад боло рафта, мувофиқи пешгўии мутахассисон ин нишондод ба 15 дарсад хоҳад расид. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






