«Дар дарвозаи Шарқ»

Февраль 15, 2013 15:33

Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нашриёти «Орбита»-и Душанбе китоби таърихнигорон ва муҳаққиқони тоҷик Виктор Дубовитский, Ирина Дубовитская ва Ғафур Шерматовро бо номи «Дар дарвозаи Шарқ» дар тарҷумаи Абдулҳай Комилӣ ба тозагӣ аз чоп баровард. Китоби мазкур, ки аз маҷмӯаи очеркҳои таърихӣ иборат аст, заҳмати 30 солаи муаллифон буда, дар он муносибатҳои халқҳои Русия ва Осиёи Марказӣ, ки ҷараёни он таърихи ҳазорсола дорад, инъикоси худро ёфтааст. «Дар дарвозаи Шарқ» ҳамзамон дар асоси чандин маводи таърихии рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ навишта шудааст ва хонандагон имкон доранд доир ба бисёр масъалаҳои муосири марбут ба муносиботи Тоҷикистону Русия маълумоти зарурӣ пайдо намоянд. Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон, бахусус донишҷӯёну устодони бахши таърих ва кулли шахсоне, ки ба таърихи муносиботи Тоҷикистону Русия таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.14.55.

Февраль 15, 2013 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст