Дастаи шаҳри Турсунзода-ғолиби мусобиқаи тирандозӣ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар остонаи Рўзи Артиши миллӣ дар Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии ҷамъияти мудофиавии кишвар бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Рўдакӣ, Варзоб, Файзобод ва чор ноҳияи шаҳри Душанбе мусобиқаи тирандозӣ аз яроқи пневматикӣ гузаронида шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи баргузории ин чорабинӣ оммавияти намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш миёни наврасон, омода намудани онҳо барои хизмат дар сафи артиш ва дарёфти истеъдодҳои наву умедбахш ба хотири шомил намудани онҳо ба тимҳои мунтахаби тирандозии сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Инчунин иштирокчиёни мусобиқа аз осорхонаи созмони мудофиавии кишвар дидан намуда, бо гўшаҳои мавзўӣ ва нигораҳои он ошноӣ пайдо карданд. Аз рўи ҷамъбасти ҳисоби умумии холҳо дастаи шаҳри Турсунзода ҷойи якум, дастаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Сино ҷойи сеюмро ишғол намуданд.Дар охир ғолибон бо медал, туҳфаҳои қимматнок ва ифтихорномаву дипломҳои муносиб қадрдонӣ шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






