Дурнамои рушди ҳамкориҳо бо Британияи Кабир
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзии ҶТ вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷереми Орт-смит доир гардид.Қ. Қосимов ҳолати имрӯзаи бахши кишоварзии мамлакатро шарҳ дода гуфт, ки тӯли солҳои ташаккули иқтисоди миллӣ афзалиятҳои соҳаи кишоварзӣ таҷдиди назар шуданд. Масалан агар 20 сол пеш соҳаи пахтакорӣ 70%-и заминҳои обиро ташкил медод, ҳоло он фақат ба ними ин нишондиҳанда баробар аст. Сиёсати бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистони имрӯза, зикр намуд вазир, бо назардошти манфиати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ муайян мегардад. Вобаста ба ин аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ «Барномаи ислоҳоти бахши кишоварзӣ дар давраи солҳои 2012-2020» таҳия гардидааст, ки он дигаргунсозии истеҳсолоти кишоварзиро дар назар дорад.Вазири кишоварзӣ афзуд, ки барои пешрафти соҳа истифодаи технологияи пешқадам, аз ҷумла омӯхтани таҷрибаи бойи фермерони Британияи Кабир зарур аст. Бахусус дар соҳаи коркард ва нигоҳдошти маҳсулот, инчунин истифодаи босамари доманакуҳҳо ва нишебиҳо барои бунёди боғҳои меваҳо. Ба ҷуз ин Вазорати кишоварзӣ самтҳои зерини афзалиятнокро пешниҳод менамояд: Таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ доир ба самтҳои афзалиятнок дар соҳаи кишоварзӣ барои ҷалби сармояи Британияи Кабир; Ҳамкорӣ дар соҳаи рушди растанипарварӣ (пахтакорӣ); Ҳамкорӣ дар соҳаи рушди биотехнологияи чорводорӣ, корҳои хушзоткунӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ; Равона кардани мутахассисони бахшҳои кишоварзӣ барои баланд брдоштани дараҷаи тахассус ва шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзии Британияи Кабир. Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷереми Орт-смит зимни мулоқот зикр кард, ки кишвари вай ба ислоҳот ва рушди минбаъдаи бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон, инчунин таҳкими робитаҳои мутақобила миёни соҳибкорон ва фермерони ду давлат ҳавасманд аст. Бо ин мақсад аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар солҳои охир ба ин соҳа зиёда аз 13 миллион фунт стерлинг ҷудо гардидааст. Дар оянда ҷалби соҳибкорон ва тоҷирони Британияи Кабир ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба соҳаи кишоварзӣ дар назар аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






