Душанбе мизбони варзишгарон

Февраль 26, 2013 15:27

Душанбе, 26 феврал.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе ниммарафони 4 –уми байналмилалӣ гузаронида мешавад. Ҷиҳати омодагӣ ва баргузории ин чорабинии варзишӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд.  Тибқи қарори мазкур Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута тадбирҳои зарурӣ андешад ва то 6 апрел тартиби баргузорӣ, нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ, рӯйхати иштирокчиёни ниммарафонро ба раиси шаҳр пешниҳод созад. Ниммарафони чоруми байналмилалӣ бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи мазкур ба раиси шаҳр таклиф ироа месозад.

Февраль 26, 2013 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст