Э. Раҳмон аз сафирони нав эътимоднома қабул намуд
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фавқулодда ва мухтори нави 9 давлати ҷаҳон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро сафири Австрия Волфганг Баняй, Сафири Шоҳигарии Норвегия Оле Ёҳан Бёрной, Сафири Шоҳигарии Испания Мануэл Ларротҷа Парада, Сафири Шветсия Аке Петерсон, Сафири Ҷумҳурии Мисри Араб Маҳмуд Гамил Аҳмад Элдиб, Сафири Салтанати Уммон шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим оли Фанна, Сафири Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом, Сафири Ҷумҳурии Демократии Федеролии Эфиопия Мулату Тешоме ва Сафири Ҷумҳурии Ангола Жоаким Аугусто де Лемуша тақдим намуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сафирони нави давлатҳои номбурда рушду такомули ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва ҳамқадам бо равандҳои пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ буданро муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо барои таҳким ва густариши робитаҳои кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.Ба рушди ҳамкорӣ бо Австрия, Норвегия, Испания ва Шветсия чӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтавои ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо Ҷумҳурии Мисри Араб баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳо бо давлати дигари арабӣ — Салтанати Уммон низ густариши бештар пайдо мекунад.Бо ёдоварӣ аз мавқеи хоси кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Индонезия дар ояндаи наздик такони ҷиддӣ меёбад.Робитаҳо бо кишварҳои қитъаи Африқо, аз ҷумла Ҷумҳурии Демократии Федеролии Эфиопия ва Ҷумҳурии Ангола, ки асосан дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад, низ дорои дурнамои васеъ арзёбӣ гардид.Сафирон низ дар навбати худ таъкид доштанд, ки барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






