Фурўши 4000- китоб дар мактабҳои Роғун
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун намоиш-фурўши китобҳои бадеии бачагона доир гардида, хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳр китобҳои зарурии хешро бо нархҳои арзон дастрас намуданд. Дар рафти ин чорабинӣ 102 номгӯй китоб бо теъдоди умумии зиёда аз 4000-нусха ба фурўш гузошта шуд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимии шаҳр маҳфилҳои адабӣ бо иштироки адибон баргузор гардид. Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун низ аз ин иқдоми Вазорати фарҳанг истиқбол карда, онро барои ҷалби мактаббачагон ба китобдӯстиву китобхонӣ муассир меҳисобад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






