Гомҳои устувор дар арсаи ватанпарастию ҳуввиятсозӣ

Февраль 1, 2013 14:17

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов бо курсантҳои омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот анҷом дод. М. Неъматов гуфт, ки насли ҷавон имрӯз тавассути рӯ овардан ба донишандӯзию мутолиоти саросарӣ, бедорию ҳушёрии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, мусоидат дар ҳимояи марзу буми ватан, таҳкими артиш ва пояҳои давлатдории миллӣ метавонад ба қишри фаъоли иҷтимоӣ табдил ёфта, дар эъмори ҷомеаи муосири демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин саҳми бориз гузорад. Истиқлолияти давлатӣ,-афзуд Маликшо Неъматов,- ба ҳар фарди солимақли ҷомеа имкон медиҳад, ки дар масири худогоҳию худшиносӣ ва ватанпарастию ҳуввиятсозӣ гомҳои устувор ниҳад.   Ёдовар мешавем, ки 30 январи соли ҷорӣ мулоқоти муовини раиси кумита Мавсума Муинова ва масъулини бахши ватанпарастӣ бо сарбозони қисми ҳарбии 2620 Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ доир шуд. Дар ҷараёни мулоқоти мазкур, ки дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, масъулин ҷавононеро, ки ихтиёран дар сафи артиш хизмат доранд, бо туҳфаҳо, аз қабили китобҳои тозанашре, ки хусусияти ватанпарастона доранд ва бо дастгирии кумита рӯйи чоп омадаанд, лавозимоти варзишиву маводи гигиенӣ қадрдонӣ карданд. Дар ҷараёни вохӯриҳо, ки охири моҳи январ оғоз шудаву идома доранд, масъулини кумита бо тарзи зист ва хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусалаҳ ошноӣ пайдо карданд.

Февраль 1, 2013 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст