Густариши ҳамкориҳои судманд
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод бо сардори Раёсати таҳлилии Бонки рушди Авруосиё Элла Байбикова сурат гирифт. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок аз мавзуъҳои калидии суҳбати У.Давлатзод бо хонум Э. Байбикова маҳсуб гардид. Элла Байбикова изҳор дошт, ки мо омодаем баҳри рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими он саҳми назарраси худро гузорем. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ибрози назар намуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






