Иқтисоди кишвар дар ҳоли рушд аст

Февраль 6, 2013 17:34

Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ кишвар дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 –ум 7, 5 %-ро ташкил дода, ҳаҷми номиналии он ба 36, 2 миллиард сомонӣ баробар гардид.  Шариф Раҳимзода — вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар соли сипаригардида ММД асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли молҳо дар саноати сабук, кимёвӣ ва саноати кӯҳӣ таъмин карда шуд. Нисбат ба соли 2011 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 22, 4%, чарм ва маҳсулоти чармӣ 49,4 % , маҳсулоти резинӣ ва пласмассӣ 43,6 %, маҳсулоти тайёри филизӣ 42,3 %, маъданҳои филизӣ 22,4 % ва истихроҷи ангишт 74 % зиёд шудааст, ки ин тамоюли фарқкунанда нисбат ба солҳои қаблӣ дар иқтисодиёти кишварамон буда, захираҳо барои истеҳсоли молҳои мазкур дар ҷумҳурӣ зиёд мебошад. Соҳаҳои зикргардида дар оянда имкон доранд ҳиссаи худро дар афзоиши ММД боз ҳам бештар гардонанд. Вазир афзуд,ки ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар соли 2012 нисбат ба дигар қисматҳои ММД 2,6 банди фоизӣ зиёд шудааст. Ин шаҳодати он аст, ки дар соли 2012 дар кишварамон корхонаҳои нав бунёд ва беш аз 130 ҳазор ҷои кори нав муҳайё шуда, истеҳсоли молҳо зиёд гардидааст. ММД дар соли гузашта ба ҳар нафар аҳолии кишвар 4 ҳазору 590 сомонӣ, муодили 964 $ -ро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2011 (3 ҳазору 900 сомонӣ ё 846 $) 17,7 % зиёд аст.

Февраль 6, 2013 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст