Имзои Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони ҶТ дар ФР
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия созишнома ба имзо расид.Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев ва аз ҷониби Федератсияи Россия Роҳбари Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия Константин Ромодановский ба имзо расонданд.Дар расми имзои созишнома Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Абдумаҷид Достиев, роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ дар Федератсияи Россия Асрор Одинаев ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. Дар асоси ин созишнома шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, аз ўҳдадории бақайдгирӣ дар макони будубош дар мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия ба муддати 15 рўз озод карда мешаванд. Айни замон ин муддат 7 рӯзро дар бар мегирад.Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев имзои созишномаро иқдоми муҳим дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия бобати танзими равандҳои муҳоҷират арзёбӣ намуда, ҳамаи он тадбирҳое, ки барои беҳдошти шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон андешида мешавад, нишони таваҷҷӯҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард.Бояд қайд намуд, ки асоси ин созишнома баъдаз тасмими сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин моҳи октябри соли 2012 , зимни сафари расмии Президенти ФР ба Тоҷикистон бо имзои Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират гузошта шуда буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Россия хабар дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






