Интихоботи миёнадаврӣ баргузор мегардад
Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов, ки бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ 18 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъйин гардид, бояд ваколати вакилияшро пеш аз муҳлат дар асоси қарори палатаи поёнии Парлумони мамлакат қатъ намояд. Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии итихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тибқи моддаи 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳи баъд аз қатъ гардидани ваколати вакил дар ҳавзаи иинтихоботӣ интихоботи миёнадавраӣ гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, агар Маҷлиси намояндагон 27 феврал дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагон қарори марбута қабул намояд, то 27 май тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 интихоботи миёнадаврӣ таъйин мешавад. Мавриди зикр аст, ки Рустам Латипов дар Парлумони кишвар намоянда аз Ҳизби аграрӣ буда ва ҳамзамон раисии Комиссияи муваққатии экологияро дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба уҳда дошт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






