Лоиҳаи таҳияи филми мустанад аз ҳаёти Амрико
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Сафорати ИМА дар Тоҷикистон қабули лоиҳаҳоро аз телевизионҳои маҳаллӣ барои иштирок дар барномаи ҳамкории соҳаи телевизион (TV Co-Op) барои соли 2013 эълон мекунад. Барномаи мазкур ба телевизионҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки гуруҳи эҷодии худро ба ИМА барои таҳияи филми мустанад аз ҳаёти Амрико ба муддати ду ҳафта фиристанд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд, барои таҳияи филмҳо барои соли 2013 мавзуъҳои «Мубориза алайҳи нашъамандӣ ва майзадагӣ дар ИМА», «Соҳибкорӣ дар ИМА», «Масъалаи ҳифзи сарҳад ва муҳоҷират дар ИМА» ва «Истифодаи захираҳои об» афзалият доранд. Одатан гуруҳҳои эҷодӣ ҳангоми сафари дуҳафтаина як ё якчанд филми мустанад ва силсилаи лавҳаҳои телевизионӣ аз ҳаёти Амрикоро таҳия мекунанд ва онҳоро дар вақти мусоиди телевизионӣ пахш мекунанд. Гуруҳи эҷодиро дар ИМА дар тамоми муддати сафар таҳиягари амрикоӣ, ки аз ҷониби Дафтари масоили телерадиошунавонии Департаменти давлатӣ таъйин шудааст, ҳамроҳӣ мекунад. Гуруҳи эҷодӣ бояд аз се нафар иборат бошад, ки якеаш ҳатман бояд бо забони англисӣ хуб ҳарф занад. Шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва ҳамчунин студияҳои истеҳсолӣ ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд. Ташкилотҳое, ки соҳиби шабакаи пахшкунандаи худ нестанд, бояд нақшаҳои пахши филмҳоро дар лоиҳа шарҳ диҳанд. Лоиҳаҳо барои иштирок дар озмун бояд бо забони тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон на дертар аз рӯзи душанбе, 4 марти соли 2013 то соати 8:00 фиристода шаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






