Маҷаллаи нави илмӣ

Февраль 12, 2013 16:21

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Кормандони соҳаи маориф ва мухлисони нашрияҳои омӯзгориро боз як падидаи фараҳбахш хурсанд намуд. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон маҷаллаи нав таҳти унвони «Илм ва инноватсия» таъсис ёфт ва аллакай шумораҳои нахустини он дастраси хонандагон гардиданд. Маҷаллаи тозатаъсиси «Илм ва инноватсия» минбари нави пажуҳишгарон, инъикоскунандагони навовариҳои илмҳои соҳаи маориф, таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ буда, барои бо сифати баланд таълиф намудани барномаҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мусоидат менамояд.

Февраль 12, 2013 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст