Маросими муаррифии китоби «Дар дарвозаи Шарқ»
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Сафорати Русия ва Намояндагии Ҳамкории Руси дар Тоҷикистон 20 феврал дар Маркази илму фарҳанги Русия маросими муаррифии китоби таърихшиносон, журналистон ва мутахассисони бахши муносибатҳои байналмилалӣ Ирина ва Виктор Дубовитскийҳо, ҳамчунин Ғафур Шерматов «Дар дарвозаи Шарқ» баргузор гардид.Роҳбари Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко зимни суханрониаш зикр намуд, ки китоби «Дар дарвозаи Шарқ» ҳанӯз соли 2011 ба забони русӣ чоп шуда, сипас бо ибтикори раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «ТАДЭС» Нуралӣ Ниёзов ва бародари ӯ Умаралӣ Ниёзов ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид. Дар маросими муаррифӣ зикр шуд, ки мавзӯи китоб асосан иборат аз лаҳзаҳои ҷанг ва корнамоиҳои ҷанговарон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






