Мизи мудаввар роҷеъ ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ

Февраль 13, 2013 12:37

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд дар соҳаи сармоягузорӣ дар маркази диққати ширкаткунандагони мизи мудаввар, ки дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, қарор гирифт. Дар кори форум муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардонов, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Бонки рушди АвруОсиё бо роҳбарии раиси раёсати Бонк Игор Финогенов, ки дар чорчӯбаи сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат намуданд. Дар кори Форум маърӯзаҳо дар бораи истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои бонкҳо ва стратегияи сармоягузории бонк, инчунин маблағгузорӣ барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд. Дар фарҷоми кори Форум изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Бонки Авруосиё дар бораи таҳкими ҳамкориҳо ба имзо расид. Ҳуҷҷатҳоро муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва раиси раёсати Бонки Авруосиёии рушд Игор Финогенов имзо намуданд.

Февраль 13, 2013 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст