«Мо ҳомиёни Ватан ҳастем!»
Хуҷанд, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд байни дастаҳои волейболи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳти унвони «Мо ҳомиёни Ватан ҳастем!» мусобиқа баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба 20 – солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, се рӯз давом кард. Дастаҳои волейбол аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд иштирокчиёни мусобиқа буданд. Аъзои дастаи волейболи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон туфайли маҳорату чолокӣ бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар мусобиқаи ниҳоӣ дастаи волейболи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бар дастаи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлурги Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гардид. Дар хатми мусобиқа муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Толиб Нурматов дастаи волейболи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо медал, Ифтихорнома ва Ҷом сарфароз гардонида, онҳоро бо ғолибияти калон самимона табрик гуфт.Дар ин бора ба мухбирамон мутахассиси маркази иттилоотию таҳлилии ДДҲБСТ Ғафурҷон Ҷӯраев иттилоъ дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






