Муаррифии барномаи «Рангинкамон»

Февраль 11, 2013 16:47

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Маркази рушди кӯдаки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ «Рангинкамон баргузор гардид. Барномаи мазкур дар асоси «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009) ва «Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7- солагӣ) (2010) коркард ва барои бароҳмонӣ дар таҷрибаи амалии кормандони тамоми муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ омода шудааст.«Таҳсилоти томактабӣ қисми таркибии таҳсилоти пайдарпай мебошад, ки дар раванди он таҳкурсии инкишофи шахсият гузошта мешавад. Дар синни кӯдакӣ ташаккули ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои ҷисмонӣ, руҳӣ ва фикрии кӯдак, инкишофи нутқи ӯ ва равандҳои маърифатӣ, қобилият ва сифатҳои иҷтимоии муайян ба амал меоянд. Маҳз, барномаи «Рангинкамон» ҳалли масъалаҳои мазкурро дар мувофиқа бо хусусиятҳои синнусолии кӯдакон пешниҳод менамояд», — зикр намуд роҳбари гуруҳи корӣ, академик Ирина Каримова. Ба ҳайати гуруҳи корӣ мутахассисони пешбари Вазорати маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мудирони кӯдакистонҳо шомил гардидаанд. «Барномаи мазкур дар асоси таҳлили таҷрибаи амалии муассисаҳои томактабӣ, пешниҳоди мутахассисони таҳсилоти томактабӣ ва бо баҳисобгирии хусусиятҳои маданӣ-маишии ҷумҳурӣ мураттаб гардида, ба мураббиёни муассисаҳои томактабӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои муҳиме, ки бо тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ алоқаманд мебошанд, ҳалли худро ёбанд, инчунин мутассилии таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоиро таъмин намояд» — гуфт муаллиф-мураттиб, аъзои гуруҳи корӣ, номзади илмҳои педагогӣ Л. Иматова.

Февраль 11, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст