Мулоқот бо сарбозони шуҷои Ватан
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз мулоқоти муовини аввали раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев ва масъули бахши ватанпарастии кумита бо сарбозони Бригадаи посбоникунандаи рақами 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия сурат гирифт. Кабирҷон Ҷӯраев тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дода, масъулин пайваста пайи таҳкими он талош мекунанд ва боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳазорҳо ҷавонписарони точикистонӣ адои хизмат намуда ва дарси шуҷоату мардонагӣ касб мекунанд. К.Ҷӯраев аз сарбозон даъват ба амал овард, ки анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашки кори худ қарор дода, дар ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар бо чусту чолокӣ ва ҷасорату ҳушёрӣ саҳим бошанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






